ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Алиҷон Сулаймонов бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон ҳамин акнун омода нест ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё (ИИУ) бипайвандад.
"Мо то кунун бо фанновариҳои кӯҳна маҳсулот тавлид мекунем ва амалан кайфияти колои сохти Тоҷикистон паст аст. Дар сурати пайвастан ба ИИУ, муштариён колоҳои рақибони Тоҷикистонро, ки кайфияташон беҳтар аст, иинтихоб мекунанд ва мо дар ин бозори пуррақобат суде ба даст намеорем", — мегӯяд вай.
Ба гуфти Сулаймонов, барои пайвастан ба ИИУ тавлидкунандагони тоҷик бояд корафзору фанновариҳои навро ба кор гиранд, то кайфияти колоҳояшон дар бозори густардаи ИИУ рақобатпазир бошанд.
Вале ин соҳибкори ҷавон фикр мекунад, ки пасвастан ба ин иттиҳодия барои Тоҷикистон ҷанбаи мусбате ҳам дорад ва он ин аст, ки дар рақобат бо дигар тавлидкунандагон корофаринони тоҷик ҳам кӯшиш хоҳанд кард, то сифати маҳсулоташонро беҳбуд бахшанд.
"Агар мо ҳамин ҳоло ба ИИУ бипайвандем, колоҳои тавлидии кишвари мо дар ин бозор камтар харидор пайдо мекунанд ва соҳибкорони мо тасмим мегиранд, ки корхонаҳои дохилиро монда дар кишварҳои хориҷӣ ширкатҳо бихаранд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон коло ворид кунанд, ки ин барои иқтисоди кишвар харобиовар аст, зеро пул аз Тоҷикистон берун мешаваду ба Тоҷикистон ворид намешавад".
Ин ҷавони соҳибкор калиди ҳалли мушкилотро дар дасти ҷавонон мебинад. Ба фикри ӯ, агар ҷавонони соҳибкор сари кор оянд, онҳо аз фанновариҳои навин баҳра хоҳанд гирифт ва колоҳояшонро ба бозори ҷаҳонӣ бо кайфияти хуб пешкаш хоҳанд намуд.
"Фирк мекунам, ки то соли оянда Тоҷикисон барои пайвастан ба ИИУ омода хоҳад шуд. Зеро имрӯзҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар барои соҳибкорон имтиёзҳои зиёде дар назар гирифта шудааст. Бо истифода аз ин имтиёзҳо мешавад, ки кайфияти колоҳоро беҳинасозӣ кунему дар бозор рақобатпазир шавем. Мо, ҷавонон, ҷонибдори пайвастани Тоҷикистон ба ИИУ ҳастем", — гуфт Алиҷон Сулаймонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай мегӯяд, ки акнун вақте нест, ки Тоҷикистон ба умеди Русия ва муҳоҷирон бошад.
"Мо набояд интизор шавем, ки касе ба Русия мераваду аз онҷо ба Тоҷикистон пул ҳавола мекунаду иқтисоди кишвар аз ҳисоб ин ҳаволаҳо рушд кунад. Мо бояд худамон дар дохили Тоҷикистон сифати маҳсулотамонро баланд кунем, хадамоти наве пешниҳод кунем. Фикр мекунам, ки мо бояд дар дохили кишвар корхонаҳои нав созему коло тавлид кунем ва бад-ин васила иқтисодамонро пеш барем ва набояд ба умеди муҳоҷирон шавем", — бовар дорад Сулаймонов.
Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури рушди тиҷорату иқтисод дар сохтори Кумитаи умуи ҷавонону варзиш "Бошгоҳи соҳибкорони ҷавон" ташкил кардааст. Ин бошгоҳ аз соли 1997 фаъол аст ва соҳибкорони гуногунро за ҳама манотиқи кишвар ба ҳам меорад.
"Имрӯз беш аз 500 соҳибкор узви Бошгоҳи соҳибкорони ҷавон аст. Мо ҳамроҳ бо Омӯзишкадаи тиҷории "Синергия" (Русия) барои соҳибкорони ҷавон давраҳои коромӯзии бизнес мегузаронем", — гуфт Алиҷон ва афзуд, ки дар ин давраҳо соҳибкорони нав метавонад роҳу равишҳои коркушоӣ ва корофаринӣ, омодасозии тарҳҳои тиҷориву тавлидӣ ва бозорёбиву хариду фурӯшро ёд гиранд.
"Ҷавонони мо идеяҳои хубе доранд, вале наметавонад чунон ки бояду шояд онҳоро рӯи қоғаз биёранд ва идеяҳошонро пешниҳод кунанд", — мегӯяд бо таассуф ин соҳибкор. Вай ба ҷавонони соҳибкор маслиҳат медиҳад, ки аз ҳама давраҳои ройгони коромӯзии ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мекунанд, бештарин баҳрао бигиранд.
"Масалан, як хоҳарамон дар рафти омӯзиш ба мо тарҳи хуберо пешниҳод карда, ки тавлиди маҳсулоти ороишӣ аз пашм аст. Ин бисёр идеяи хуб аст. Мо онро дастгирӣ хоҳем кард ва насиб бошад, сармоягузорони хориҷиро ба ин тарҳ ҷалб хоҳем намуд", — гуфт соҳибкори ҷавон ва афзуд, ки дар Тоҷикистон ҳамакнун сармоягузорони хориҷӣ хеле фаъол шудаанд. "Ба гуфте, сармоя дар ҳаво мечархад, танҳо бояд онро гирифту ба кор бурд", — мегӯяд Сулаймонов.
Ин соҳибкори ҷавон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон барои ҳамагуна соҳибкорӣ шароит фароҳам аст, чӣ дар заминаи гардишгарӣ, чӣ истихроҷи кониҳо, чӣ тавлидоту хадамот.
"Муҳим идеяи хуб доштан ва онро ба кор андохтан аст. Ҷамъ овардани ҳамфикрону коршиносон дар гирди ин идея роҳест ба сӯи комёбӣ", — маслиҳат медиҳад Алиҷон ба соҳибкорони ҷавон.
Алиҷон Сулаймонов яке аз намояндаҳои Тоҷикистон дар 19-умин Ҷашнвораи ҷавонон ва донишҷӯёни ҷаҳон буд.
Ӯ дар ин ҷашнвора ҳамроҳи ҳайъати Тоҷикистон аз тарафи Бошгоҳи соҳибкорони ҷавон дар коргоҳҳои кормӯзии "Тиҷорат ва иқтисод" ширкат кард ва таассуроташро аз ин Ҷашнвора ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
"Бори нахуст ман дар чунин Ҷашнвораи бузурги ҷаҳонӣ ҳастам ва албатта худро хушбахт мешуморам. Ман дар ҳамаи тренингҳо ширкат кардам ва бо таҷрибаи ширкатҳои бузурги соҳибкории хориҷӣ ошно шудам", — гуфт соҳибкори ҷавон ва афзуд, ки аз ҷумла бо соҳибкорони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Белорус ошно шуда бо чанде ҳам дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ ба тафовуқ расидаанд.
Ӯ мегӯяд, ки соҳибкорони ҷавон ӯро дар Тоҷикистон интизоранд ва Сулаймонов ҳатман аз таҷрибаҳои андӯхтаи худ дар ин Ҷашнвора ба ҷавонон корҳоеро хоҳад омӯзонд.