БДА рақамҳои зебои силсилаи "ЕС"-01-ро мефурӯшад

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бино ба иттилоъ равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 28 октябр дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 28 октябри соли 2017 аломати сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" ба таври музояда фурӯхта мешаванд.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар иттилоъия.

Автомобиль Porsche Cayenne - Sputnik Тоҷикистон
БДА рақамҳои зебои силсилаи "ЕС" - 01 -ро мефурӯшад

Гуфта мешавад, ки қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" ва "ВА" ва "ВВ" — 07"-ро ба фурӯш гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0