ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мудирони ширкати саҳомии "Умед-88"-ро ба иттиҳоми саркаши аз пардохти молиёт, тақаллуб ва қочоқи коло боздошт кард.
Ба гузориши равобити умумии Ожонс, ширкати маҳдудмасъулияти "Умед-88" 171 милюн сомонӣ қарзеро, ки моҳи маи соли 2015 аз ширкати "Нерӯгоҳи Роғун" барои шаш моҳ гирифта буд, бар нагардондааст.
Ширкати "Умед-88" тааҳҳуд карда будааст, ки барои рушди муҷтамеъи кишоварзиву санъатӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои кишоварзӣ ба маблағи 171 милюн сомонӣ маводи сӯхт расонад.
Ожонси мубориза бо фасод барои бозҷусти табаҳкории бунёдгузори ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев ва мудири он Идибег Ибрагимов ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди "б", 264 қисми 2 ва 295 қисми 2 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда ва бозҷӯиро идома дорад.
Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон 14 октябр дар дидор бо соҳибкорон роҳбарони ширкати "Умед-88"-ро муттаҳам ба хешонидани 170 милюн сомонӣ аз буҷаи давлат карда буд.