ДУШАНБЕ, 22 — Sputnik, Гурдофарид Ҳакимзода. Оё боре шоҳиди ҷанҷоли кӯдакони хурдсол шудаед? Агар ду кӯдак натавонистанд чизеро бо ҳам тақсим кунанду миёнашон ҷанҷол шавад, яке аз онҳо, ки зӯртар бошад, дигареро мушту лагад мезанад. Оне, ки зӯраш ба мушту лагад нарасад, забон ба дашном боз мекунаду ҳафт пушти он муштзӯрро носазо гуфтан мегирад. Вай ҳарчанд дашному носазо мегӯяд, аммо чун кӯдак аст, маънии гуфтаҳояшро заррае ҳам дарк намекунад….
Аммо. Рафтори Шокир Холдоров, масуъли Кумитаи умури дини ҷамоати Чорряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз кӯдаки беадабу беақл ҳеч камӣ надорад. Танҳо тафовут дар ин аст, ки онҳо кӯдак ҳастанду маънии дашномро чандон намефаҳманду онро тӯтивор такрор мекунанд. Вале Шокир Холдоров марди миёнсолу дорои маълумоти олӣ(!) ва афзун бар он МАСЪУЛИ ДАВЛАТ аст ва бояд чӣ будани дашному таҳқирро ҳангоми "ором будани асабҳояш" фаҳмида тавонад.
Эҳ, Холдоров, мисли ҳамон кӯдаке ҳасте, ки тавони посух додан ба лагади обдорро надорад. Ту ҳам тавони анҷоми масъулиятатро надориву ба ҷойи он шармандавор мардумро дашном медиҳӣ! Магар вазифаи ту фаҳмонидан ба мардум, сарҷамъ кардани онҳо ва агар лозим бошад, ҳал кардани мушкилие набуд, ки ба миён омадааст? Охир, туро на барои он масъул мондаанд, ки зӯратро бо дашном нишон диҳӣ, чунин қонун дар ҷое навишта нашудааст. Ту аз пули молиёти мардум нон мехӯрӣ, ту вазифадор ҳастӣ, хидмати мардумро кунӣ, на он ки дашному носазояшон диҳӣ! Бо ин рафторат на номи худро, балки номи давлату Ҳукуматро бад мекунӣ ва дар дили мардум тухми бадбинӣ мекорӣ. Магар ин аст хидмати ту ба давлату миллат?! Не ту худро лаҳзае шер ҳис кардӣ, о охир онҳо кӣ ҳастанд?— мардуме, ки барои намоз омаданд, ту бошад мансаб дорииву курсӣ. Ту метавонӣ! Аммо кӣ ба ту ин ҳуқуқро дода бошад?
Аҷабо, асабҳоят вайрон шудааст! Худро натавонистаӣ идора кунӣ? Пас чигуна масъулиятатро анҷом медиҳӣ? Охир, масъулро беҳуда масъул намегӯянд. Ӯ масъулият бисёр дорад. Пас ҳар бор, ки асабҳоят вайрон шудан гирад, ҳамингуна бархӯрд хоҳӣ кард бо миллат?
Рафту туро дар ҷои кор сарзаниш карданд. Фишорат баланд шуду "надониста" роҳбарро дашном додӣ. Охир ту метавонӣ ку, асабҳоят вайрон шаванд, он тарафаш лаҷомат дар дастат нест. Пас чӣ мешавад? Ё зӯратро танҳо дар МАСҶИД нишон медиҳиву хонашеру майдонғарибе ҳастӣ?
Беш аз 1300 сол аст, ки тоҷик будан ва мусулмон будан як маъноро дорад. Ҳамон ифтихори миллии тоҷикон — донишмандону олимонамон, ҳама мусулмон буданд. Олимонро дар замонашон барои эҳтиром муллову домулло мегуфтаанд. Имрӯз аз забони ту аҳмақона дашном садо медиҳад, ки муллову домуллоро ҳам фалон мекунӣ!
Шояд он рӯз, ки муллову домуллоҳоро "фалон кардӣ", дуд аз кафани ҳама бузургони тоҷик бархост, ки замоне онҳоро муллову домулло меномиданд. Ту на намозгузорони масҷидро, балки ҳама гузаштагони тоҷиконро дашном додаӣ. Аз ин рӯ, шахсан барои ман муҳим нест, ки ту чӣ ҷазое гирифтаӣ! Аммо миллати тоҷик, гузаштаву имрӯзи он ҳаргиз туро намебахшад. Ин асабӣ шудани ту (ки танҳо мушкилии худат аст!) ҳаргиз далел намешавад, ки имрӯзу гузаштаи миллати тоҷикро таҳқир кунӣ. Ҳаргиз далел намешавад! Ҳафтоду ҳафт пушти миллати тоҷик гуноҳатро нахоҳад бахшид!
Фикри муаллиф метавонад бо мавқеъи хабаргузорӣ мувофиқат накунад.