ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барқии табрикотӣ ирсол кард.
Кишвардори Тоҷикитон ин муносибатро ба ҳамтои арманияш муборакбод гуфта, аз муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон изҳори қаноатмандӣ кард.
"Бо истифода аз фурсати фараҳбахш мехоҳам изҳори умед намоям, ки ба хотири таъмини манфиатҳои аслии мардумонамон ва шукуфоии кишварҳоямон мо бо саъйю талошҳои ҳар ду ҷониб муносибатҳои Тоҷикистону Арманистонро ба зинаҳои сифатан нави рушд боло хоҳем бурд", —афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки раисҷумҳури Арманистон Серж Саргсян низ ба ҳамтои тоҷикаш барқияи табрикӣ ирсол намуда, мардуми Тоҷикистон ва раисҷумҳури кишварро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ муборакбод гуфтааст.