Ҳайъати довароне, ки бозии "Истиқлол"-ро дар Ҷоми Осиё доварӣ мекунанд, маълум шуд

© Sputnik / Амир Исаев"Истиклол" - "Регар-ТадАЗ"
Истиклол - Регар-ТадАЗ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҶомиАФК-2017 бозии "Истиқлол" ва "Эйр Форс"-ро доварони Аморати муттаҳидаи Араб назорат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҳайъати довароне, ки дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2017 сабқати  "Истиқлол" ва "Эйр Форс"-и Ироқро  доварӣ мекунанд, маълум шудааст. Дар ин бора ФФТ иттилоъ медиҳад.

Дар ин бозӣ роҳбари доварон — довари ФИФА аз Аморати муттаҳидаи Араб Муҳаммад Абдулло ва Ҳасан Муҳаммад мебошанд.  Ду довари дигар аз АМА ёварони довар интихоб шудаанд.

Ёдовар мешавем, чанде қабл тими "Истиқлол" дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бори дуввум бо дастаи "Бенгалуру"-и Ҳиндустон рақобат карда,  ин бозӣ бо ҳисоби баробар 2:2 ба анҷом расид.

Бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи "Истиқлол" дар Душанбе ба анҷом расида буд. Акнун футболбозони тоҷик дар бозии финалии Ҷоми Осиё, ки санаи 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, бо тими "Эйр форс"-и Ироқ рақобат хоҳанд кард. Бино бар иттилои ФФТ мукофотпулии бозӣ 1000 000 дулори амрикоӣ аст.

 

Лентаи хабарҳо
0