ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Чуноне, ки шаҳрдории Конибодом иттилоъ дода, ин бунгоҳро созмони мардумниҳоди "Имдоди Ғайрат" бо дастгирии шаҳрдории Конибодом ва пуштибонии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтаву ба баҳрабардорӣ расондааст.
Ин марказ аз толорҳои бозӣ, мусиқӣ, китобхона, ошхона, утоқҳои истироҳат, ҳунаромӯзӣ, беҳдоштӣ, равоншиносӣ, асабшиносӣ, логопедӣ, тренинг ва мудириятро дар бар дорад. Дар ин сохтмон аз ҷониби Сафорати Ҷопон 81 ҳазор дулори амрикоӣ ва шаҳрдории Конибодом дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки чунин ҳамкории судманд бо Сафорати Ҷопон бори аввал набуда, ду сол пеш низ бо кумаки бевоситаи онҳо шуъбаи зоимони Бемористони марказии шаҳри Конибодом таъмиру таҷдид гардида, афзун бар ин бо таҷҳизоти зарурии пизишкӣ таъмин шуд.
Гуфтанист, Ҷопон аз соли 1996 то кунун дар Тоҷикистон дар чорчӯби ин барнома 380 тарҳро ба маблағи куллии 30,7 милюн дулор иҷро кардааст.