Душанбе ва Боку дурнамои ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ карданд

© МИД РТВстреча Посла с Министром внутренных дел Азербайджанской Республики
Встреча Посла с Министром внутренных дел Азербайджанской Республики - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Боку бо вазири умурии дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон дидору гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, 18 октябр сафири Тоҷикистон дар Боку Рустам Солӣ бо вазири умури дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон Рамил Усубов мулоқот анҷом дод.

Дар ин дидор доираи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи мубориза бо теруризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои сохторҳои амниятии ду кишвар дар ин замина баррасӣ шуд.

Вручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон равобиту ҳамкориҳояшро бо Ҷумҳурии Озарбойҷон густариш медиҳад

Чанде пеш аз ин сафири Тоҷикистон дар дидорҳои ҷудогона бо раҳбарони Вазорати фарҳангу гардишгарӣ, Хадамоти давлатии марзбонӣ ва Ҳавопаймоии миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карда буд.

Чунончи, Рустам Солӣ ва вазири фарҳангу гардишгарии Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфазл Қараев роҳҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили cафарҳои ҳунарӣ ва барномаҳои консертии муштарак бо ширкати ҳунармандони ҳар ду кишвар, масоили вобаста ба ҳамкориҳо дар замнаи гардишгариро баррасӣ карда буданд.

Ҳамзамон дар ин дидор имкони роҳандозии омӯзиши ҳирфаӣ, бозомӯзӣ ва донишафзоии коршиносони тоҷикро дар риштаҳои ҳунар, фарҳанг ва гардишгарӣ дар муассисаҳои марбутаи Озарбойҷон баррасӣ шуда буд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар дидор бо раҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Озарбойҷон генерал-полковник Элчин Қулиев ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба дар масъалаҳои таъмини амнияти марзҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни сохторҳои низомии ду кишварро баррасӣ кард.

Рустам Солӣ ҳамчунин дар дидор бо раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии «AZAL» Ҷаҳонгир Аскаров масъалаҳои мубрами равобити Тоҷикистону Озарбойҷонро дар заминаи мусофирбарии ҳавоӣ, бавижа роҳҳои аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0