ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҷанҷол миёни донишҷӯёни соли севуми Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ба куштор кашид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Навори гувоҳии ин донишҷӯён дар барномаи Сипар мунташир шуд.
"Донишҷӯён Дилшод Қурбоналиев ва Қурбон Каримов қарор доданд, ки ҷанҷолашонро дар рӯдбори Душанбе "ҳаллу фасл" кунанд. Аммо кордкаширо на онҳо, балки ҳамроҳонашон оғоз кардаанд", — омадааст дар манбаъ.
Дар раванди ин кордкашӣ дӯсти Дилшод Қурбоналиев — Самандар Ҷонмаҳмадов дӯсти Қурбон Каримов — Фаррух Каримовро корд мезанад ва ӯ ба ҳалокат мерасад.
Пас аз куштор Ҷонмаҳмадов кӯшиши фирор карда, барои сафар ба Маскав билет харидааст, аммо кормандони милиса ӯро дастгир карданд.
Ҳамаи гумонбарони ин ҳодиса боздошт шудаанд ва тафтишот идома дорад.