Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон вместе с президентом Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедовым
Президент РТ Эмомали Рахмон вместе с президентом Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барномаи сафари расмии раисҷумҳур Бердимуҳаммадов ба Душанберо баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд.

Ин сафари расмии раисҷумҳури Туркманистонро, ки рӯзҳои наздик сурат хоҳад гирифт, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон Бердиниёз Мятиев баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи ҶТ.

Бино бар иттилоъи вазорат, Сироҷидин Аслов бо муовини вазири умури хориҷии Туркманистон Бердиниёз Мятиев дидор карда, ки барои ҳамоҳангсозии барномаи сафари расмии раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе омадааст.

Бердиниёз Мятиев ҳамчунин дар бидор бо муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон равобити дипломатии ду кишварро баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0