ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik, Фотима Яҳёева. Қобилҷон Бобоев, балетмейстер ё устоди рақси ансамбли ба номи Ғаффор Валаматзода, ҳунари рақси тоҷикиро барои меҳмонони Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён дар Сочӣ намоиш дод.
Ҷавонон аз ҳунарнамоии ин хореограф ё рақспардози ҷавону номдор шефтаи рақси тоҷикӣ шуданд ва барои ёд гирифтани он худро дар коргоҳи омӯзишии Қобилҷон Бобоев номнавис карданд.
Ин озмуни рақс ё рақсовард, ки Қобилҷон дар он ҳунарнамоӣ кард, дишаб дар кампус ё пардисе баргузор шуд, ки меҳмононони 19-умин Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён будубош доранд.
"Ингуна ҳунарнамоиҳои худҷӯш дар ин пардис ҳар шом баргузор мешаванд. Маъмулан онҳоро ҷавонону донишҷӯён аз Куба оғоз мекунанд ва дигарон ҳамроҳ мешаванд. Ин ҷавонҳои кубаӣ дар ин чанд рӯзе, ки инҷо ҳастем, беҳтарин дӯстонамон шуданд", — мегӯяд Мирзомуҳаммад Каримов, довталаб аз Тоҷикистон.
Ба гуфти ӯ, дар нахустин шоме, ки дар Адлер баргузор шуд, рақспардози тоҷик Қобилҷон Бобоев — балетмейстер ё устоди балети гурӯҳи рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода аз шаҳри Хуҷанд бо ҳунараш ҳамаро шефтаи рақси тоҷикӣ кард.
Вай ҳам дар оҳангҳои тоҷикӣ ва ҳам кубаӣ чунон хуб мерақсид, ки пас аз анҷоми он барнома бисёре аз ҷавонон аз ӯ дархост карданд рақси тоҷикиро ёдашон диҳад.
Ҳунарҳои тоҷикиро барои меҳмонони ин ҷашнвора дигар гурӯҳу ҳунармандони тоҷик низ намоиш медиҳанд. Чуноне, ки намояндаи Кумитаи умури ҷавонону варзиш Олимҷон Зоҳидзода ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷашнвора ҳамчунин ҳунарпешаҳои Идораи фарҳанги вилояти Суғд, овозхони гурӯҳи "Нури Хуҷанд" Сардор Солиев ва овозхони опера Шоҳрух Юнусов низ ширкат доранд.
Ин ҳайъати ҳунарӣ, ба гуфти Зоҳидзода, бо пуштибонии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷашнвораи Сочӣ ширкат мекунад, ки кӯшидааст беҳтарин ҳунарпешаҳову донишҷӯёну ҷавононро гирди ҳам оварад.
"Аз Тоҷикистон дар ин ҷашнвора беш аз 100 кас ширкат мекунад, ки аз он ҷумла 23 кас аз Суғд омадаанд. Дар ин миён афзун бар ҳунарпешаҳо донишҷӯёну коршиносони ҷавон дар риштаҳои риёзӣ, меъморӣ, сиёсат ҳуқуқ ва пизишкиро низ ҳастанд, ки аз Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҷашнвора намояндагӣ мекунанд", — мегӯяд Зоҳидзода.
Дар чаҳор рӯзе, ки аз оғози ҷашнвора гузашта, ҷавонони тоҷик бештар аз дигарон бо ҳамсолонашон аз Куба, Озарбойҷон, Доғистон ва Русия ошнову дӯст шудаанд.
Ин ҷашнвора то 22 октябр барпо аст ва дар он 25 ҳазор донишҷӯву коршиносон аз 180 кишвар ширкат мекунанд. Онҳо дар бахшҳое аз ҷашнвора дар мавзуъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ мекунанд.