ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон акнун метавонанд бо шумораи мустақими телефон аз коршиносон кумаки ҳуқуқӣ дарёфт кунанд.
Ин тарҳ, ки "Migrant" номида шудааст, бо ҳадафи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст.
Созмондиҳандагони ин тарҳ мавод ва роҳнамоиҳои ҳуқуқиро ройгон ва ба забонҳои русӣ, инглисӣ, узбакӣ ва тоҷикӣ ба муҳоҷирон хоҳанд дод.
Дар бораи ин тарҳ метавон аз сомонаи НКО ва ё барномаи мобилии Migrant пайдо кард.
Тамоси мустақим бо шумораҳои +7 903 169 91 61, +7 903 169 29 20 амалӣ мешавад. Ҳамчунин метавон ба ин шумораҳо аз Telegram ва WhatsApp паёмак равон кард.