ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Чуноне ки Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ иттилоъ медиҳад, дар кишвар декани яке аз донишгоҳои ҷумҳурӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, шаҳрванде аз болои декани факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҶТ шикоят бурдааст, ки Ҳабибулло Салимов барои дохил намудани як довталаб ба гурӯҳи буҷавии Коллеҷи ҷисмонӣ 5000 сомонӣ ришва талаб кардааст.
Гуфта мешавад, декани факулта дар натиҷаи амалиёти бозҷӯӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз дохили худрави гумонбаршаванда- Инфинити-130 рақами қайди давлатиаш 4319 СТ 01 пас аз гирифтани 5000 сомонӣ дастгир шуд.
Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Салимов Ҳабибулло бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.