Хушхабар: Тими "Истиқлол" ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевФутболисты "Истиклола" выходят на поле, архивное фото
Футболисты Истиклола выходят на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давраи ниҳоӣ 4-уми ноябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, ки дар он ин тими рақами яки кишвар бо футболбозони Ироқ рақобат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол" дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бори дуввум бо дастаи "Бенгалуру"-ии Ҳиндустон рақобат кард. Ин бозӣ бо ҳисоби баробар 2:2 ба анҷом расид.

Вохӯрии ниҳоии ҷавобии байни "Истиқлол" ва "Бенгалуру" дар Ҳиндустон доир гардид.  Голҳоро дар ин дафъа Нуриддин Давронов вап Дмитрий Барков ба ҳадаф расониданд.

Бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи "Истиқлол" дар Душанбе ба анҷом расида буд. Акнун футболбозони тоҷик дар бозии финалии Ҷоми Осиё, ки санаи 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, бо тими "Эйр форс"-и Ироқ рақобат хоҳанд кард. Бино бар иттилои ФФТ мукофотпулии бози 1000 000 дулори амрикоӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0