Қоиқрони тоҷик аз мусобиқаҳои Қаҳрамонии Осиё медоли нуқра овард

© Фото : Аккаунт Facebook / Shahriyor DaminovЧемпионат Азии по гребле в Китайе, город Шанхай
Чемпионат Азии по гребле в Китайе, город Шанхай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони варзишӣ медоли нуқраи Шаҳриёр Даминовро "бузургтарин комёбии варзиши қоиқронии тоҷик дар 25 соли ахир" донистаанд.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қоиқрони тоҷик Шаҳиёр Даминов дар масофаи 1 000 метр бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.

Вай дар даври ниҳоии мусобиқа бо 9 қоиқрон рақобат дошт. Қаҳрамони ин мусобиқа Вадим Менков аз Узбакистон шуд, ки бо натиҷаи 3:57:388 баранда шуд. Медоли биринҷӣ насиби қоиқрони чинӣ Пенгфей Женг шуд, ки бо натиҷаи 3:58:786 ба хатти поён расид.

Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкорони тоҷик аз қаҳрамонии самбои ҷаҳон 3 медол оварданд

Дар ин мусобиқа, ки 15 октябр оғоз ёфта ва 18 октябр ба анҷом мерасад, варзишкорон аз 21 кишвари Осиё зӯрозмоӣ карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот афзун бар Шаҳриёр Даминов ҳамчунин Нурмуҳаммад Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ кардаанд.

Коршиносони варзишӣ медоли нуқраи Шаҳриёрро "бузургтарин комёбии варзиши қоиқронии тоҷик дар 25 соли ахир" донистаанд.

Чунончи, Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, гардонандаи гурӯҳи "Tajik sport" дар шабакаи Фейсбук, мегӯяд, "Шаҳриёр ин медолро дар ҳоле ба даст оварда аст, ки қоиқронҳои мо дар бадтарин шароит тамрин мекунанд. Дар сармо, дар гармо, ҳамеша дар рӯдхонаву обанборҳо қоиқ меронанд".

"Шаҳриёрро ман танҳо дар ҳамин ҷаҳони маҷозӣ мешносам, вале гӯё ки ҳамарӯза бо ӯ ҳастам. Тамрину фаъолиятҳои ӯро ҳамеша пайгирӣ мекунам. Ӯ ҷавонест бисёр ватандуст ва фаъол. Шаҳриёр ҳам варзиш мекунад ва ҳам варзишро таблиғ мекунад ва ҳам шарики ғаму шодии варзишкорони кишвар аст. Ҳамеша сарфароз боши Шаҳриёри азиз! Бори дигар пирузӣ муборак!", — навиштааст Неъматзод дар он гурӯҳ.

Лентаи хабарҳо
0