ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Дар пайгирии хабарҳо аз дастгиру боздошт шудани масъулину коргузорони давлатӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ ва фасод аз пажӯҳишгари ҷомеъашинос Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишҷӯи дуктурои Донишгоҳи Берген дар Норвегия, далоилу пайомадҳои ин падидаро аз дидгоҳи ҷомеъашинохтӣ ҷӯё шудем.
— Агар раванди давлатсозии тоҷиконро дар оғозу поёни садаи 20-ум, яъне даврони шуравӣ ва даврони пасошуравӣ, аз дидгоҳи ҷомеашинохтӣ таҳлил кунем, чи ҳаммонандӣ ва дигаргунӣ доранд?
— Дар солҳои 1920-ум раванди давлатсозӣ аз Маскав барномарезӣ ва мудирият мешуд. Аз онҷое, ки унсурҳои таркибие, ки бояд давлати миллии тоҷикиро падид меоварданд, ё ҳануз худ падид наомада буданд ва ё суст буданд, тоҷикон натавонистанд бар пояи арзишҳои миллӣ давлат бисозанд ва миллат шаванд. Аз дигар сӯ, инқилоб ҳарчанд бофтору сохтори ҷомеаро зеру забар кард, вале "дарду бемориҳои" торихияшро дармон накард. Ҳукумати марказии ҶШС Тоҷикистон, ки худ гирифтори он "дардҳо" буд, натавонист дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рушди баробари иқтисодӣ ва иҷтимоъиро таъмин кунад ва заминаи устуворе барои муттаҳид кардани минтақаҳо ва шаклгирии ҳуввияти ягонаи миллӣ бисозад.
Дуруст аст, ки Тоҷикистон дар замони шуравӣ пешрафтҳое дар заминаи иқтисоду омӯзишу илму фарҳангу тандурустиву рифоҳ ё беҳзистӣ дошт. Ин дастовардҳоро намешавад ва набояд нодида гирифт. Аммо ин воқеъиятро ҳам бояд дар назар гирифт, ки раҳбарони шуравӣ дар пайгирии андешаи марксистии "иқтисоду тавлидот бунёди ҷомеъа аст", метавон гуфт, маънавиёту хостаҳову ниёзҳои зебоишинохтӣ, иҷтимоъӣ ва равонии мардумро фаромӯш карданд ё камтар дар назар гирифтанд. Фикр мекунам, ки заъфи ҳукумати Тоҷикистони Шуравиро, ки дар як фурсати зарурии торихӣ натавонист кишварро раҳбарӣ кунад ва мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонд, дар маънии ҳамин гуна сиёсат бояд ҷуст.
Дар воқеъ, Иттиҳоди Шуравӣ бо идеологияи коммунистӣ "ҷомеа ва инсони шуравӣ" месохт, на "давлати миллӣ". Чунончи, дар пойтахти Тоҷикистон дар ҷобаҷоии кадрҳо аз сиёсати "интернасионализми сосиалистӣ" пайравӣ мешуд ва коршиносон аз дигар миллатҳоро ба кор мегирифтанд, на тоҷиконро. Ин сиёсат пеши роҳи шаклгирии ҳувияти миллӣ, кадрҳои миллӣ ва қудрати миллӣ дар пойтахти ҷумҳуриро гирифт. Рустоиҳо низ ба ном дар кишвари ягона зиндагӣ доштанд, вале дар асл, аз дидгоҳи равонӣ ва маънавӣ ҳар кадоме дар маҳаллу минтақаи худ дарбаст буданд. Имрӯз дар пажӯҳишҳои ҷомеашинохтие, ки дар дохилу хориҷ шудаву мешаванд, бахшбандии мардуми Тоҷикистон ба "хуҷандиҳо", "помириҳо", "кӯлобиҳо" ва "ғармиҳо" ба ҳукми як воқеъияти инкорнопазир даромадааст. Ин як воқеъияти нангини сиёсати фазосозии раҳбарон дар даврони шуравӣ буд, ки аз Маскав ҳам пуштибонӣ мешуд. Ин "ҳасторҳои сиёсӣ" (political entity) ҷои ҳуввияти ягонаро дар фазои сиёсии Тоҷикистон гирифта буданд. Дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ бозигарони беруна яке аз ин "ҳасторҳои сиёсиро" бо дигаре ҷойгузин карданд. Дар як нигоҳ метавон гуфт, ки бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ҳам ҳарчанд сохтори ҷомеъа дигаргун шуд, аммо мушкилот ҳамчунон боз монданд. Дар воқеъ, тоҷикон дубора бояд аз сифр давлату миллат бисозанд.
— Чаро тоҷикон бо ин ки торихи ҳазору андсолаи давлатдорӣ доранд, дар сохтани давлати миллӣ комёб нашудаанд? Кадом омилҳо монеъ шудаанд? Оё ин авомил истиқлолу амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунанд?
— Яке аз ин далоил мондгор нашудани андешаи кишвардории миллӣ дар миёни тоҷикон пас аз Сомониён аст. Пас аз фурӯ пошидани давлати шуравии Тоҷикистон низ тоҷикон ба далели поин будани фарҳанги давлатдорӣ натавонистанд пояҳои давлат ва ниҳодҳои онро устувор кунанд. Дар натиҷа давлат фалаҷ шуд ва кашокаш бар сари ҳукумат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонд. Ин ҷанг дар шаклгирии давлати имрӯзии Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз дошт. "Ҳастори сиёсие", ки дар замони ин ҷанг ба қудрат расонда ва сипас бо мухолифонаш оштӣ дода шуда буд, бояд дар 20 сол гом ба гом пояҳои давлати миллиро устувор мекард ва бо фароҳам овардани фазои ягонаи моддӣ, иҷтимоъӣ ва равонӣ он ҳама ҳасторҳои маҳаллиро дар як ҳастори миллии тоҷикӣ ҳалл мекард. Вале чун давлат миллӣ набуд, балки минтақаӣ буд, ин корро накард ва "сиёсати зидди сиёсат"-ро роҳ андохту фазои воқеъии сиёсии Тоҷикистонро аз миён бурд. Дар натиҷа мардуми дигари манотиқи Тоҷикистон аз муҳити сиёсӣ ва давлатдорӣ дур андохта шуд. Яъне сиёсати "рӯ ба раҳми Худо"-ро роҳандозӣ карданд ва бисёре аз мардуми Тоҷикистонро ба муҳоҷирони иҷборӣ ва ё ба мардикорони Русия табдил доданд. Ин падида яке аз омилҳои бунёдист, ки амният ва истиқлоли Тоҷикистонро зери суол мебарад.
Аз дигар сӯ, раванди давлатсозӣ дар Тоҷикистон ба раванди, ба истилоҳи Клапҳам, "шахсӣ шудани қудрати давлатӣ" табдил ёфт. Дар натиҷа, дар тасмимгириҳо манофеъи фардӣ ва гурӯҳӣ бар манофеъи кишвариву миллӣ бартарӣ ёфтанд ва давлатро фасод фаро гирифт. Дар ин росто, мушоҳидаи инсоншиноси иҷтимоъӣ Алфред Редклиф-Броун ба ёд меояд, ки бо воқеъиятҳо дар Тоҷикистон бисёр мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, ки "давлат ин воқеъияте нест, ки пушти пардаи амалҳои сиёсӣ истода бошад, балки худ пардаест, ки намегузорад амалҳои сиёсиро ончунон, ки ҳастанд… дида бошем". Дар кишваре, ки давлати фасодзада бар он ҳукумат мекунад, поинтарин масъулаш аз ин парда (давлат) барои баровардани хостаҳои шахсии худ суъистифода мекунад. Намунаашро дар ришваситониҳои кормандони Ожонси мубориза бо фасод, Вазорати рушди иқтисоду бозаргонӣ, Вазорати умури дохила, додгоҳҳо ва дигар ниҳодҳо мебинем. Бино бар хабарҳо аз дастгиру боздошт шудани ин масъулини давлат, метавон натиҷа гирифт, ки давлат, яъне дастгоҳи ҳукуматии кишвар, ба шиддат фасодзада аст. Вақте давлат фасодзада шуд, худ барои суботи амнияти кишвару мардум хатарнок мешавад. Ин падида дувумин омилест, ки амният ва истиқлоли Тоҷикистонро зери суол мебарад.
— Чигуна мешавад ин таҳдидҳоро хунсо кард? Оё фасодро мешавад решакан кард?
— Ин таҳдидҳоро бо баргузории ислоҳоти решаӣ дар кишвар метавон хунсо кард. Ин амр иродаву сиёсат мехоҳад. Фасодро метавон бо равишҳои Ли Куан Ю, нахуствазири Сингапур дар солҳои 1959 — 1990, решакан кард. Сингапур пеш аз Ли фасодзадатарин кишвари ҷаҳон буд. Ли Куан Ю тавонист дар солҳои 1980-ум бо афзудани ҳуқуқи коргузорони давлатӣ ва сахттар кардани муҷозот барои ришва фасодро дар кишвар решакан кунад. Барои намуна, соли 1986 яке аз вазирони ҳукумати Ли дар паи муттаҳам шудан ба ришваситонӣ даст ба худкушӣ зад. Ӯ дар паёме, ки пас аз маргаш ёфтанд, навишта буд, ки "ин дуруст аст, ки барои ин ҷурм шадидтарин муҷозотро дошта бошам". Вале дар Тоҷикистон, ки ниҳодҳои кишвардорӣ — давлат, вазоратҳо, Ожонси мубориза бо фасод, додгоҳу додситонӣ, милиса — худ аз фасод пок нестанд, чунин кореро наметавон ҳатто тасаввур кард. Ба гуфти шайх Абусаид Абулхайр, "…ин давлат аз он ҷумла нест, ки бар ришта тавон баст ё ба сӯзан бар тавон дӯхт ё ба мизон бар тавон санҷид. Чун набувад — набувад".