"Сеяки мардуми Тоҷикистон ба қадри кофӣ хӯрок намехӯранд"

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБедность в Таджикистане
Бедность в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони Созмони милали муттаҳид гуфтаанд, ки сеяки мардуми Тоҷикистон ба қадри кофӣ хӯрок намехӯранд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бино бар иттилои созмони ғизо ва кишоварзии СММ, дар тӯли солҳои 2004-2016 шумораи мардуми Тоҷикистон, ки ба қадри кофӣ хӯрок надоранд, аз 41,5 то 30,1 дарсад, ё аз 2,8 милён то 2,6 милён тан коҳиш ёфтааст.

Ин масъала мавзӯи аслии маросими рӯзи ҷаҳонии ғизо буд, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Норак барпо шуд.

Паоло Маттей, мудири намояндаи созмон дар Тоҷикистон дар раванди баррасии гузориши "Вазъияти умумии амнияти ғизоӣ ва хӯрок дар ҷаҳон ва аҳамияти бархӯрди ҳамоҳангона барои ҳалли мушкилоти гуруснагӣ ва эҷоди ҷомеаи устувор дар Тоҷикистон", гуфт ки адами хӯрокхӯрии кофӣ дар Тоҷикистон соле 41 милён доллар ҳазина эҷод мекунад.

Вай афзуд, "бар ин далел сармоягузорӣ барои боло бурадни сифати хӯроки кӯдакон барои насли солимтар ва ояндаи беҳтар муҳим аст".

Лентаи хабарҳо
0