ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. ВУД ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи амалиётҳои "Ахлоқ" ва "Поксозӣ" ҳудуди 370 тан ҳамҷинсгароро бо таваҷҷӯҳ ба шомили "радаи осебпазир" буданашон вориди феҳристи сареъ кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, соли 2016 чанд гурӯҳи корӣ барои кашфи афроди бо гаройиши ҷинсии ғайримаъмулӣ-ҳамҷинсгароён, дуҷинсгаро ва транссексуалҳо эҷод шуда буданд.
Ин гурӯҳҳо 367 тан шаҳрванди кишварро, ки шомили радаи осебпазир шудаанд, кашф карданд. 319 тан аз онҳо мардҳои ҳамҷинсгаро ва 48 тан занҳои ҳамҷинсгаро мебошанд.