Ситора ҳам шавҳар кард: овозхон моҳи асалро дар Амрико мегузаронад

© Фото : Аккаунт Facebook / Ситораи КароматуллоСитораи Кароматулло таджикския певица, архивное фото
Ситораи Кароматулло таджикския певица, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз тӯйи Ситораи Кароматулло бисёре аз овозхонҳо ҳам бехабар монданд. Овозхон мегӯяд, ин рӯйдод якбора рух дод

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Овозхони ҷавон ва маъруфи тоҷик Ситора Кароматулло шавҳар кардааст. Ин хабаррро Ситорабону дар сӯҳбкат бо Sputnik Тоҷиаистон таъйид кард.

Ба гуфтаи бонуи ҳунар, ҷашни арӯсии вай шоми 14-уми октябр баргузор шудааст.

Ситора афзуд, ҳамсараш ҳампешааш нест ва Ситораро дӯст доштаву хостгораш шудааст.

Ситора танзими анъанаро сахт риоя кард. Тӯйи онҳо на дар тарабхонае, балки дар хонаи падари овозхон баргузор гардид.

Аз ҷашни арӯсии Ситораи Кароматулло бисёре аз овозхонҳо ҳам бехабар монданд. Овозхон мегӯяд, ин рӯйдод якбора рух дод.

"Дар тӯй  Зулайхо Маҳмадшоева, Зинриоллоҳ Ҳакимов, Шабнам Сурайё ва дигар ҳунармандон ширкат карданд",- гуфт бонуи ҳунар.

Ситора бо шавҳараш моҳи асалро дар Амрико мегузаронад ва ҳоло дар айни омодагӣ ба сафар қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0