ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Гурӯҳе аз имомхатибони тоҷик барои гуфтугӯ бо муҳоҷирон ва ба хотири пешгирӣ аз ифротӣ шудани онҳо ба Русия сафар хоҳанд кард.
Ин хабарро сухангӯи Кумитаи умури дин Афшин Муқим дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Хабари сафарбар шудани имомхатибон ба Русия бо мунтиашир ёфтани изҳороти муфтии шаҳри Маскав Албир Қурғонов рост омад, ки мегуфт муҳоҷирони тоҷик қисми осебпазири мусалмонони Русияро ташкил медиҳанд.
Вай даъво дошт, ки бояд ниҳодҳои марбути Тоҷикистон бо Русия ҳамкорӣ кунанд, то хатари ифротӣ шудани муҳоҷирони тоҷик то дараҷае кам шавад.
"Ифротӣ шудани муҳоҷирон ба зиёни мост, заро пеш аз ҳама ба амнияту субот дар ҷомеъа ва кишвари мо хатар дорад",- қайд карда буд вай.
Вале Афшин Муқим мегӯяд, иқдоми сафарбар кардани як гурӯҳ имомхатибон ба Русия бо изҳороти муфтии шаҳри Маскав иртиботе надорад ва он дар доираи нақша чорабиниҳои кории кумита аст.
Намояндаи Кумитаи умури дин афзуд, Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Кумитаи умури дини кишвар бо ниҳодҳои марбути Русия ҳамкорӣ доранд ва дар ҳамоишҳое, ки дар Русия баргузор карда мешаванд ширкат меварзанд.
"Худи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон пас аз ширкат дар ҳамоише бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия сӯҳбатҳо доир карда буд",- гуфт вай.
Аммо тавре Афшин Муқим мегӯяд ҳоло замони сафари гурӯҳе аз имомхатибон ба Русия дақиқ нест ва эҳтимол меравад, ки то ахири сол анҷом дода шавад.