ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ аз сокинони Душанбешаҳр даъват кардааст, ки доим бо Ҳукумати пойтахт дар итибот бошанд, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.
Акнун сокинони шаҳр метавонанд ба телефонҳои мобилӣ ва ё дигар таҷҳозотҳо камбудҳои шаҳрро ба навор бигиранд ва акс ва наворҳои худро ба нишонаи раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ Dushanbe80@yahoo.com ирсол кунанд.
Метавон дар ин гуна паёмҳо аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон хабар дод ва аз рухдод наворе ҳам пешниҳод кард.
Ин гуна арзҳоро метавон ҳамчунин ба воситаи Vaiber ё WhatsApp ба рақамҳои 985-95-22-22 ирсол кард.
Ҳукумати Душанбе замонат додааст, ки номи ирсолкунандаи паёму наворҳоро ифшо намекунад.