ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Баҳрайн ва Русия барои хариду фурӯши сомонаи мушакии замин ба ҳавои С-400 музокира доранд, гуфт фармондеҳи Посдорони подшоҳии Баҳрайн шайх Носир бини Ҳамад Оли Халифа.
"Мо ҳануз дар марҳилаи гуфтугӯҳо қарор дорем, вале, Худо хоста бошад, ин равандро то поён хоҳем расонд", — гуфт вай дар ҳошияи маросими ифтитоҳи намоишгоҳи низомии BIDEC.
Фармондеҳи Посдорони подшоҳӣ ҳамчунин афзуд, ки Баҳрайн хостори афзоиши хариди ҷангафзор аз Русия аст.
"Баҳрайн ва Русия дар заминаи низомӣ ҳамкории густардае доранд. Низомиёни ду кишвар ҳамвора дидору музокирот доранд. Ҳамчунин миёни раҳбарони ду кишвар низ иртибот роҳандозӣ шудааст. Мо мехоҳем равобитамонро устувортар кунем ва шумори ҷангафзорҳои русиро дар нерӯҳои дифоъии Баҳрайн афзоиш диҳем", — афзуд шайх.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанд пеш сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков аз баргузории музокироти хариду фурӯши системи С-400 миёни коршиносони Туркия ва Русия хабар дода буд. Анкара миқдоре аз маблағи кулли қарордоди харидро пешпардохт кардааст.