ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд як донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро бо корд захмӣ кардаанд.
Манбаъ меафзояд, дар даст доштан дар ин ҷиноят як ҷавони 19-солаи шаҳри Бӯстон гумонбар дониста мешавад.
Муттаҳам 14-уми октябри соли равон бегоҳӣ дар кӯчаи Северная бо ҷабрдида муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда 2 маротиба зарба мезанад.
Донишҷӯ ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.