Муҳаббат Кимсанова ном як мураббӣ дар боғчаи рақами 40-уми шаҳри Нижневартовски Русия ба кӯдакони рус рақси тоҷикӣ меомӯзад. Онҳо рақсҳои худро дар барномаҳои махсуси боғча намоиш медиҳанд.
Муҳаббат Кимсанова мегӯяд, ин кӯдакон панҷ сол доранд.
"Рақси тоҷикиро ба кӯдакон омӯзонидан мушкил аст. Чӣ ҷойи гап, ки ба кӯдакони дигар миллат. Аммо инҳо ёд гирифтанд",- мегӯяд Муҳаббат Кимсанова.