ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон аз 13-ум то 15-уми октябр дар шаҳри Нови Сади Сербистон баргузор гардид.
Анушервон Назарзода, ки дстпарвари бошгоҳи маскавии "Самбо — 70" аст, дар ин мусобиқот аз тарафи Русия ширкат кард.
Ба гузориши Федеросюни самбои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа беш аз 350 варзишкори наврасу навҷавон аз писару духтар аз 32 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.
Варзишкорони миллипӯши Тоҷикистон дар ин мусобиқот се медол — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Анушервон Назарзода ду сол пеш низ дар мусобиқоти самбои наврасон дар вазни 48 кг каҳрамони ҷаҳон шуда буд.