ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Размоиши амалиёт-роҳбурдии нерӯҳои сулҳофари Кишварҳои ҳамсуд "Бародарии размӣ — 2017" ("Боевое братство — 2017") имрӯз дар размоишгоҳи "Илӣ" дар вилояти Алмаато оғоз шуд.
Ба гузориши равобити умумии Вазорати дифоъи Қазоқистон, ин размоиш аз 16-ум то 20-уми октябр баргузор шуда ва ширкаткунандагон дар он роҳҳои сулҳофаринӣ пас аз муноқишаҳоро ҳамроҳ бо нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар чорчӯби размоиши муштараки "Бародарии шикастнопазир — 2017" ("Нерушимое братство-2017") тамрин мекунанд.
"То кунун нерӯҳои сулҳофари Арманистон, Белорус, Русия ва Тоҷикистон ба Қазоқистон расидаанд ва нерӯҳои Қирғизистон дар роҳ ҳастанд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи вазорати дифоъ.
Дар ин размоиш афзун бар ягонҳои вазоратҳои дифоъ ҳамчунин ягонҳои пулисе низ ширкат мекунанд, ки бахше аз Нерӯҳои сулҳофари дастҷамъии СПАД ҳастанд.
Тоҷикистонро дар ин размоиш як даста аз нерӯҳои зудамали Вазорати дифоъ намояндагӣ мекунад.