ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб Султон ибн Саид ал Мансурӣ мулоқот кард.
Тавре манбаъ меафзояд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Аморати Муттаҳидаи Арабро шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон арзёбӣнамуд.
"Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Аморат барои дастгирӣ ва кӯмакҳои беғаразона ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сипосгузор шуд",- омадааст дар гузориши манбаъ.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот доир ба фаъолсозии нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Аморот, ҳамчунин ифтитоҳи намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, боркашонӣ — логистикӣ ва сайёҳию инфрасохтори он таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб ҳавасманд аст.