ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Чанд рӯз пеш як шаҳрванди Қазоқистон дар гузаргоҳи марзӣ дар қаламрави Қирғизистон дар паи бад шудани ҳолаш дар гузашта буд.
"Мо чунин вазъеро бо ҳеч кадоме аз ҳамсояҳоямон — на бо Тоҷикистон ва на бо Узбакистон — надорем", — гуфт Отамбоев дар суханроние пас аз ширкат дар интихобот.
Ӯ гуфт, ки омода аст баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Уросиёро талаб кунад, агар Қазоқистон дар 2 — 3 рӯзи наздик маҳдудиятҳо дар марз бо Қирғизистонро бартараф накунад.
"Мо имрӯз интихоботамонро баргузор мекунем ва агар 2 — 3 рӯз пас маҳдудиятро бартараф накарданд, ман баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Уросиёро талаб хоҳам кард. Чунин ҳаққеро дорам. Мо бояд мушаххас кунем, ки агар иттиҳод дорем, пас ҳама кишварҳо бояд баробарҳуқуқ бошанд, вагарна, пас ин чигуна иттиҳод аст?" — гуфт Отамбоев.
Вазорати иртибототу иттилоъоти Қазоқистон пештар тавзеҳ дода буд, ки назорат дар марз бо Қирғизистон ба далели иҷрои муқаррароти Иттиҳоди иқтисодии Уросиё ташдид шуда аст.
"Амалиёти ташдиди контрол дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон аз рӯи барнома иҷро мешавад. Назорат дар чорчӯби иҷрои қонуну муқаррароти Иттиҳоди иқтисодии Уросиё ба манзури пешгирӣ аз қочоқи коло ташдид шудааст", — гуфта шуда дар иттилоъияи вазорати иртибототу иттилоъоти Қазоқистон.