Рамазон Қодиров барои дидор бо Мирзиёев ба Узбакистон рафт

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкРамзан Кадыров, архивное фото
Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ба нақша нақша гирифтаанд, ки ҳангоми мулоқот масоили ҳамкориҳои фарҳангиву рӯҳонӣ ва иқтисодиро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раҳбари Чесенистон ба Узбакистон рафтааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба манбаи худ итилоъ медиҳад.

"Рамазон Қодиров бо сафари дурӯзаи корӣ ба Узбакистон рафтааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки ӯ бо Шавкат Мирзиёев дидор кунад",- мегӯяд манбаъ.

Ба гуфтаи вай, ҷонибҳо ба нақша нақша гирифтаанд, ки ҳангоми мулоқот масоили ҳамкориҳои  фарҳангиву рӯҳонӣ ва иқтисодиро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин Рамазон Қодиров  дар Тошканд масҷиди Ҳазрати Имомро зиёрат мекунад, ки дар он оромгоҳи рӯҳонии машҳурии узбакистонӣ Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф ҷой дорад.

Муҳаммад Содиқ дӯсти наздики падари роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров- Аҳмад Қодиров будааст. Аҳмад Қодиров дар мадрасае дар Тошканд таҳсил доштааст.

"Барномаи иқтисодии сафари корӣ аз шиносоии Рамазон Қодиров бо коркарди меваву сабзавот дар Узбакистон иборат аст. Эҳтимол меравад, ки дар ин замина Узбакистону Чеченистон ҳамкорӣ кунанд",- афзудааст манбаъ.

Рамазон Қодиров пагоҳ аз Самарқанду Бухоро дидан карда, чанде ёдгориҳои исломиро зиёрат мекунад.

Дар бораи сафари Қодиров ба Узбакистон то ҳол манбаҳои расмӣ чизе нагуфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0