Чор соли будубоши Малоҳат ва фарзандонаш дар партовгоҳ барои раҳо шудан аз ихроҷ дар Русия

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкРабочие на городской свалке, архивное фото
Рабочие на городской свалке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тӯли чаҳор сол зан як фарзанди дигар таваллуд мекунад ва ду наберадор мешавад. Аммо ҳоло ҳамаи онҳро дар рӯйхати сиёҳ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Малоҳат ном як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 4 сол пеш бо қарори додгоҳи Русия аз кишвар ихроҷ шуда будааст, барои пинҳон шудан  аз пулис 4 солдар партовгоҳ зиндагӣ кардааст.

"Ҳанӯз соли 2013 додгоҳ ҳукм карда будааст, ки Малоҳат ва се фарзандаш барои нақзи қонуни муҳоҷиратии Русия аз китшвар ихроҷ карда шаванд. Аммо зан пас аз қарори додгоҳ ғайб задааст",- гуфта мешавад дар иттилоия.

Кӯшиши пайдо намудани ин шаҳрванди Тоҷикистон бенатиҷа мемонад. Соли 2014 Малоҳат ва фарзандонаш ба пайгард эълон мешаванд.

Ин занро танҳо моҳи сентябри ҳамин сол дар партовгоҳи маишии назди шаҳри Еманжелински вилояти Челябинск пайдо намуданд.
Аммо он 4 нафаре, ки ҳукми ихроҷашрон ҳанӯз соли 2013 судур шуда буд, 10 нафар шудаанд.

"Ба рӯйхати ихроҷ дар аввал се духтари калонии Малоҳат ворид нашуда буданд, ки гӯё дар ҷойи дигаре кор мекардаанд. Илова бар ин дар ин муддат Малоҳат ва духтари калониаш се фарзанди дигар тавваллуд кардаанд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ин хонаводаро пас аз пайдо намудани тамоми аъзои он ба бошишгоҳши муваққатии муҳоҷирон ҷой додаанд. Сипас додгоҳи вилояти Челябенкс ҳукм кардааст, ки  ҳамаи онҳо аз кишвар ихроҷ шаванд. Пас аз омода шудани ҳуҷҷатҳои як фарзанди Малоҳат ва ду наберааш, ки дар Русия таваллуд шудаанд, онҳо ба Ватан интиқол дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0