Дар Ёвон волидонро барои хонадор кардани фарзандони ноболиғ ба маҳкама кашиданд

© Sputnik / AlexTikhomirovСвадебные кольца
Свадебные кольца - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Падару модар писари ноболиғашонро бо духтари нобилиғи дигаре оиладор кардаанд. Гуфта мешавад онҳо ду наврасро никоҳи мусалмонӣ карда, ақди никоҳашонро дар шуъбаи САҲШ ба қайд нагирифтаанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон волидонеро, ки фарзандони ноболиғро хонадор кардаанд, маҳкум намуданд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин қазия дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон рух додааст.

Гуфта мешавад, падару модари ҷавонписаре бо вуҷуди он ки писарашон ба балоғат нарасидааст, ба духтари навраси дигар хонадор кардаанд.

"Номбурдагон бе қайди никоҳ дар шуъбаи САҲШ-и Ёвон моҳи октябри соли 2016 никоҳи мусалмонӣ намуда фарзандонашонро оиладор кардаанд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамчунин модари арӯс низ ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон номбурдагон гунаҳкор дониста шуда, ба волидони арӯсу домод ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 % музди меҳнат ва ба домод ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин таъин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0