ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дмитрий Попов мегӯяд, танҳо дар соли равон Русия барои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон панҷ ягони вижаи амалиётӣ омода карда, ки аз марз бо Афғонистон посдорӣ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун беш аз 560 афсари тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия ройгон таҳсил мекунанд. Ҳамчунин дар пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз як ҳазор низомии тоҷик давраҳои омӯзишии мухталиферо бар асоси ниёзи Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар фаро мегиранд.
Димитрий Попов бо ишора ба суханони ахири Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, ки гуфта буд, таҷҳизи артиши Тоҷикистон ба авзоъи Афғонистон бастагӣ дорад, хостори омузиши низомиёни тоҷик шудааст.
Вай таъкид мекунад, ин омӯзишҳо барои истифода аз таслиҳоти пешрафта дар муқобила бо таҳаррукоти эҳтимолии гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротии мустақар дар марзи ин кишвар бо Афғонистон, лозим аст.
Ин коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи роҳбурдии Русия мегӯяд, дар заминаи омӯзиши низомиён тоҷик тамоми имконоти мавриди ниёз дар пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҳамкории ин ду кишвар дар таъмини амнияти минтақа муҳим аст.