ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз дар "Боғи Ирам" барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор хоҳад шуд.
Барномаҳои ҷашнӣ дар "Боғи Ирам" соати 09:00 оғоз меёбанд. Ҳамчунин соати 10:00 дар қисмати шарқии "Боғи Ирам" барномаи консертӣ оғоз мешавад, ки дар он гурӯҳи созиву овозии "Ганҷина", гурӯҳи рақсии "Лола", ҳунарҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, гурӯҳи "Шашмақом", гурӯҳҳои "Ориё" ва "Сомон" ва ҳамчунин Сироҷиддин Фозилов, Қурбоналӣ Раҳмон, Чоршанбе Аловатов, Саодат Собирова, Борбади Бадалиён ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин ҷашн бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар "Боғи Ирам" озмуни "Оши палав" баргузор мегардад.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, бахусус тоҷикон аст, ки камобеш 4 ҳазор сол торих дорад. Акнун онро бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.