Пизишки тоҷик мусофиреро дар ҳавопаймо наҷот дод

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкАэропорт, архивное фото
Аэропорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилпизишки 30-сола аз Тоҷикистон пирамардеро, ки ҳангоми парвоз аз Маскав ба Ростови лаби Дон дар ҳавопаймо беҳуш шуда буд, ёрии нахусти пизишкӣ расонд

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Хайём Маҳмудов имрӯз аз Маскав ба Ростови лаби Дон барои ширкат дар XIX Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён мерафт.

Ба гузориши хабаргузории "РИА Новости", ҳангоми парвоз ҳоли яке аз ҳамсафарони Хайём бад шуда ва ӯ беҳуш шудааст.

"Эҳтимолан ба далели поин шудани мизони қанд фишори хуни пирамард дучори ихтилол шуда буд. Ман ба ёрии меҳмондорони ҳавопаймо шитофтам ва ба он мусофир кумаки аввалияи пизишӣ расондам. Ӯро ба ҳуш овардам ва фишори хунашро ҳам ба мизон овардем", — тавзеҳ дод ин дилпизишки тоҷик.

Хайём Маҳмудов пизишки қалб ва ҳамчунин корманди Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ бедиранг ба кумаки мусофири 68-сола шитофтааст.

Дар маросими рӯнамоии рамзҳои Ҷашнвораи ҷаҳонии донишҷӯён ва ҷавонон дар  Новониколаевск-Новосибирск - Sputnik Тоҷикистон
Аз Иттиҳоди Шуравӣ то Русия: Ҷашнвораи ҷаҳонии донишҷӯён ва ҷавонон

Гуфта мешавад, ки ин пирамард аз вилояти Маскав ба Ростови лаби Дон ба дидори дӯстонаш равон будааст. Ӯро дар фурӯдгоҳ пизишкони ёрии таъҷилӣ пешвоз гирифтанд, вале ӯ аз рафтан ба бемористон худдорӣ карду гуфт, ки ҳолаш хуб шудааст.

Хайём Маҳмудов яке аз намояндаҳои Тоҷикистон дар Ҷашвнораи ҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён аст, ки 14 — 22 октябр дар Маскав ва Сочӣ баргузор мешавад.

Дар ин ҷашнвора камобеш 20 ҳазор коршиноси ҷавони 18 то 35-сола аз 180 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ширкат мекунанд. 

Лентаи хабарҳо
0