ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин маҷлис, рӯзи 10-уми октябр бо ширкати Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД генерал-майор Нозимҷон Иброҳимзода бо устодону донишҷўёни шуъбаи Донишгоҳи энергитикии Маскав дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Генерал-майор Иброҳимзода дар суханронии худ роҳнамоиҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ёдоварӣ карда, дар мавзуъи "Нақши Қонуни танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар зиндагии ҷавонон андешаронӣ намудааст.
Ӯ бо ишора ба ислоҳи қонун гуфтааст, ки "озодии бемаҳдуди баргузории ҷашну маросим дар заминаи таассуб ва ғаризаҳои худпарастӣ ба вазъи молии шаҳрвандон зарар расонида, мардумро аз тарбияи фарзандон дур карда, моҳият ва табиати асили ҷашну маросимҳоро ҳамчун унсури зоҳирии фарҳанг хароб гардонид".
"Иброҳимзода дар бораи иҷрои талаботи қонуни танзим ва риояи фарҳанги либоспӯшӣ, ҳамчунин парҳез аз тақлидкорӣ изҳори андеша намудааст", — омадааст дар хабарнома.
Ӯ ҳамчунин дар бораи иллату авомили аслии сар задани сӯхтор дар донишгоҳу хобгоҳҳо дар тирамоҳу зимистон ва роҳу чораҳои пешгирӣ аз он ба донишҷӯён маълумот ва дастуру пешниҳодҳои зарурӣ дода, риояи ҳатмии талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро аз ҳар яки онҳо дархост намуд.
Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намудааст.