Қаноатмандии Шодихон Ҷамшед аз ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории СММ

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваДидори Шодихон Ҷамшед бо намояндагони СММ
Дидори Шодихон Ҷамшед бо намояндагони СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз ҳамкории минтақа бо Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ қаноатманд аст

ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукмати вилоят Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Шодихон Ҷамшед бо муовини директори Барномаи Озуқавории ҷахонии СММ дар Точикистон Марико Кавабата мулоқот кардааст.

"Дар чорчӯби ин барнома, 131 мактаб, 5665 донишомӯз ва 1322 кормандони ёрирасон аз маводи ғизоӣ баҳравар гардидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин 145 зарфи калон барои гирифтани захираи оби нӯшокӣ ва 80 адад бухориҳои аловӣ тақсим карда шуданд.

Дар ин росто раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз ҳамкориҳои судманд бо ин ташкилот изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар ин мулоқот дар барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҶТва имконоти мавҷуда ибрози назар карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0