ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасте бо устондорон дар Анкара эълом кард, ки Туркия худ ҷангафзорҳои мавриди ниёзашро тавлид мекунад ва дигар силоҳу таслиҳот ворид нахоҳад кард.
"Туркия ҳеч ниёзу вобастагие ба Амрико надорад ва аз ин пас аз ҷангафзорҳои амрикоӣ истифода нахоҳем кард", — таъкид кард вай.
Раисҷумҳури Туркия афзуд, ки аз тасмими ахири Амрико, ки аз додани раводид ба шаҳрвандони Туркия даст кашида, шигифтзада шуда, вале "дар баробари тасмимҳое, ки бар зиёни мо гирифта шудаанд, хомӯш нахоҳем нишаст".
"Сафири Амрико дар Анкара омили сар задани ин буҳрон аст. Сафорати Амрико дар Анкара хабар дод, ки тасмим барои боз истондани судури раводидро Вашингтон гирифтааст", — тавзеҳ дод вай.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Туркия бо ҳамтои русияш Владимир Путин дар Анкара дидору гуфтугӯ карда буд. Дар ин дидор сарони ду кишвар бар яксонии мавзеъгирии ду кишвар дар масоили калидии Ховари Миёна, аз ҷумла якпорчагии қаламравҳои Ироқу Сурия, таъкид карданд.
Путин ва Эрдуғон ҳамчунин омодагии ду кишварро барои идомаи ҳамкорӣ дар заминаи эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия эълом карданд.
Сарони ду кишвар дар ин дидор ҳамчунин ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Ин панҷумин дидори Путин ва Эрдуғон дар соли ҷорӣ буд. Пеш аз ин раисҷумҳури Туркия дар моҳҳои март ва май ба Русия сафар карда буд ва ду дидори дигар дар Пекин ва Ҳамбург баргузор шуда буд.