Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод дода, ки колоҳояшонро бо як бренд бифурӯшанд

© Фото : Торгово-промышленная палата РТБизнес форум "Таджикистан-Узбекистан"
Бизнес форум Таджикистан-Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Утоқи саноеъву бозаргонии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки Душанбе ва Тошканд бо фурӯши колоҳои худ бо як бренд ё намоном дар бозорҳои ҷаҳонӣ комёб хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 12  окт — Sputnik. Шариф Саид, раиси УСБ ҶТ, гуфт ҳарчанд ҳаҷми гардиши коло миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш меравад, вале қонеъкунанда нест.

"Барои афзудани ҳаҷми гардиши коло миёни ду кишвар ва дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд аз равишҳои наве чун бозаргонии электронӣ, восупорӣ (лизинг), роҳандозии тавлидоти муштараки навоварона истифода кунем ва аз ин роҳ ба бозорҳои дигар кишварҳо бо бренди муштараки «Тоҷикистон-Ӯзбекистон» ворид шавем ва аз тахфифҳову имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳам баҳра бигирем", — гуфт вай дар ҳамоиши бозаргонии тоҷикӣ-узбакӣ дар шаҳри Тошканд.

Ӯ боварманд аст, ки бозаргонони Узбакистон бо баҳрагирӣ аз ин потенсиал метавонанд саҳмашонро дар иқтисоди Тоҷикистон бештар кунанд ва ҳамзамон сармоягузорӣ дар ин кишварро густариш диҳанд.

На территории ташкентского Узэкспоцентра - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Узбакистон ба арзиши $20 млн қарордод бастанд

"Имконот барои ҳамкорӣ бисёр аст, вале ҳанӯз аз онҳо истифода нашудааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама тавонмандиҳову имконотро ба кор барем, то равобити иқтисодӣ миёни бозаргонҳои ду кишвар беш аз пеш густариш ёбанд», — гуфт Шариф Саид.

Ин ҳамоиш дар ҳошияи намоишгоҳи колоҳои санъатии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ҳамакнун дар Маркази намоишгоҳҳои «Uzexpocentre» дар шаҳри Тошканд бар по аст.

Дар ин намоишгоҳ, ки то 14 октябр бар по аст, беш аз 120 ширкат колоҳои худро аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти саноеъи сангин — коркарди маъдан, мошинсозӣ, металлургӣ ва саноеъи сабук — ресмонресиву порчабофӣ, дӯзандагӣ ва ресандагӣ, ҷӯроб, пӯст, фарш, нахи абрешим ва хӯрокворӣ, ба намоишу фурӯш гузоштаанд.

"Ҳарчанд мо ду моҳ барои баргузории ин намоишгоҳ омода шудаем, вале он оғози пӯёиест, ки дар Тоҷикистон ва равобит миёни ду кишвар дида мешавад", — гуфт раиси Утоқи саноеъву бозаргонии Узбакистон Адҳам Икромов дар нишасти бозаргонони тоҷику узбак дар Тошканд.

Бино бар арзёбии вай, аз онҷое, ки аксари колоҳои тавлидии ду кишвар ҳамтову ҳаммонанд ҳастанд, ҳамкории бунгоҳҳои тавлидӣ ва корхонаҳои ду кишвар муҳимтарин шарти ҳамкории иқтисодӣ дониста мешавад.

"Оҳанги мусбати рушде, ки дар гардиши коло миёни ду кишвар мебинем, ва ин ҳайъати пуршуморе, ки дар ин нишаст ширкат дорад, моро ба афзоиши доду ситадҳои тиҷорӣ дар оянда дилгарму умедвор мекунад", — гуфт Файзиддин Қаҳҳоров, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Вай гуфт, ки ду кишвар метавонанд ҳамкориҳоро дар заминаҳои кишоварзӣ, саноеъи хӯрокворӣ, наху порчаву кашбофӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ҳамлу нақл ва мошинсозӣ зуд роҳандозӣ ва густариш диҳанд.

Бино ба омори Узбакистон, гардиши коло миёни ду кишвар дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 17,8 дарсад рушд карда ва 197 милюн дулорро ташкил додааст. Дар нӯҳ моҳи соли 2017 ин рақам ба 178,2 милюн дулор расида, ки 25,2 дарсад рушдро нишон медиҳад. Ҳамакнун дар Узбакистон 24 ширкате кор мекунад, ки бо сармоягузории Тоҷикистон бунёд шудаанд ва дар Тоҷикистон 9 ширкат бо сармояи Узбакистон фаъол аст.

Дар поёни кори нишасти тоҷирон утоқҳои бозаргониву саноеъи ду кишвар созишномаи бунёди Шурои тиҷориро имзо карданд.

Ширкатҳои тоҷикиву узбакӣ дар нахустин рӯзи намоишгоҳ ба арзиши 20 милюн дулор қарордод имзо кардаанд.  

Ёдоварӣ мекунем, ки тавофуқ барои баргузории намоишгоҳҳои колоҳои санъатӣ ва ҳамоишҳои соҳибкорони ду кишвар дар пойтахтҳои кишварҳо дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматии ҳамкории тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон ҳосил шуда буд, ки дар поёни соли 2016 дар Душанбе баргузор шуда буд.

Моҳи апрели соли 2017 дар Душанбе нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 160 ширкат беш аз 1,5 ҳазор намуд колоро ба намоишу фурӯш гузошта буданд.

Дар чорчӯби ин намоишгоҳ ва ҳамоиши тоҷирон, соҳибкорони ҳарду кишвар 20 қарордод ба маблағи умумии беш аз 35 милюн дулор имзо карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0