ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу, ки дар нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ширкат дорад, имрӯз бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дидору гуфтугӯ кард.
"Ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннии Русия ва Тоҷикистон бо комёбиҳо густариш меёбанд. Мо чандин размоиши муштарак ба манзури коҳиши хатарҳо ва афзоиши субот дар ин минтақа, бо таваҷҷуҳ ба авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон, баргузор кардаем. Манзурам пеш аз ҳама Афғонистон ва он таҳдидҳоест, ки аз он кишвар ба далели бесуботии авзоъяш, ки рӯ ба беҳбудӣ намеоварад, эҳсос мекунем", — гуфт Сергей Шойгу.
Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки вазоратҳои дифоъи ду кишвар барномаи густардаеро дар бахши пуштибонӣ ва навсозии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро мекунанд ва хостори пайгирии ин мавзуъ дар музокирот шуд.
Вазири дифоъи Русия ҳамчунин аз масоиле ёд кард, ки ба будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон марбут ҳастанд. Вай умедворӣ кард, ки ин масоил дар раванди музокирот ҳаллу фасл шаванд.
Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз Русия ва шахсан Сергей Шойгу барои саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ сипосгузорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки нишасти Шурои вазирони кишварҳои узви ИДМ 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфта ва дар он масоили арзёбии вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва таъсири он ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳсу баррасӣ хоҳанд шуд.
Бино бар барномаи ин нишаст, ҳайъатҳои низомии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 20 масъалаи ҳамкории низомиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин қабули қарор дар масъалаҳои рушди сомонаи муштараки нерӯҳои падофанди ҳавоӣ, таъмини иттилоот, бунёди иттиҳодияи байнулмилалии Бозиҳои артишӣ, роҳандозии ҳамкориҳо дар заминаи таъмини муҳандисӣ ва миёни сохторҳои топографии нерӯҳои низомии кишварҳои ҳамсуд дар назар аст.