ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар майдони Авангарди Маскав, даври ниҳоии сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Шохдара баргузор шуд.
Дар ин бора намояндаи Кумитаи футболи созмони ҷамъиятии "Нур" Рамеш Некқадамов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳ бо медалҳо қадрдонӣ шуданд.
Ба иттлиоъи манбаъ аз байни даҳ даста ба даври ниҳоӣ тимҳои "Хидорҷев" ва "Миденшарв" роҳ ёфтанд.Дастаи Хидорҷев дар даври ниҳоӣ бозии асосиро бо тими Миденшарв мусовӣ (1:1) анҷом доду дар даври пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда Ҷоми Шохдараро аз они худ кард.
Барои ҷойи сеюм дастаҳои "Тусиён" ва "Бидиз" рақобат карда дастаи аввал тими "Бидиз"-ро бо ҳисоби 5:1 дар шикаст дода соҳиби мақоми сеюм шуд.
Даври ниҳоии сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Шохдара рӯзи 8 октябр дар майдони Авангарди Маскав баргузори шуд.
Барои дарёфти Ҷоми Шохдара 10 даста рақобат карданд: "Тусиён", "Собиқадорон", "Роштқалъа", "Хидорҷев", "Барвоз", "Миденшарв", "Бидиз", "Роштқалъа 2", "Тавдем", "Шувджев".
Ёдоварӣ мекунем, ки пештар дар Маскав сабқати футбол барои дарёфти Ҷоми Рӯшон баргузор шуд, ки дар он дастаи "Вамар" пирӯз шуда буд.