Русия омода аст музокироти Эрону Арабистонро миёнҷигарӣ кунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел России Михаил Богданов, архивное фото
Заместитель министра иностранных дел России Михаил Богданов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маскав омода аст миёнҷии тамосҳо ва мизбони музокирот миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон бошад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Русия омода аст музокироти Эрону Арабистонро миёнҷигарӣва мизбонӣ кунад, гуфт Михаил Богданов, намояндаи вижаи раисҷумҳур дар умури Ховари Миёна ва муовини вазири умури хориҷии Русия.

Зоири Давлат: ҷанги Сурия намунае аз танишҳои Арабистону Эрон аст

"Мо ҳамеша бар ин назар будаем, ки мушкилотеро, ки дар муносибот миёни бузургтарин қудратҳои минтақаӣ афзоиш меёбанд, бояд ҳаллу фасл кард. Бисёре аз мушкилотро мешуд осон ҳалл кард, агар миёни Теҳрон ва Риёз тафоҳум ва эътимод бештар буд", — гуфт намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна гуфт ба рӯзноманигорон.

Вай ёдоварӣ кард, ки Маскав нашқи миёнҷигарии худро бар ҳеч кишваре таҳмил намекунад, вале чанд бор ба Эрону Арабистон пешниҳод карда, ки пушти мизи музокира бинишинанд.

"Мо ҳамвора ба ҳамкоронамон дар Арабистони Саудӣ ва Эрон гуфтаем, ки омода ҳастем ҳам мизбони музокирот ва ҳам миёнҷии тамосу иртиботот миёни ин ду кишвари бисёр муҳим ва таъсиргузор дар ҷаҳони ислом ва Ховари Миёнаву Наздик бошем, зеро бисёре аз умур ба тафоҳум, ва умедворем, ҳамкории онҳо, бавижа дар мубориза бо теруристҳо, вобаста аст", — тавзеҳ дод Михаил Богданов.

 

Лентаи хабарҳо
0