Котиби Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳангоми ришваситонӣ дастгир шуд

© Sputnik / Стас ЭвтешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод котиби Додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзодаро ҳангоми дарёфти пора дастгир кард

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Ожонси мубориза бо фасод, шаҳрванде аз котиби Додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода ба ин ниҳод шикоят бурдааст.

Аскар Нуралиев - Sputnik Тоҷикистон
Як масъули Вазорати иқтисоди ҶТ бо 500 ҳазор дулор ришва дастгир шуд

Ин шаҳрванд гуфтааст, ки дабири Додгоҳи шаҳри Ҳисор аз ӯ 4500 сомонӣ ришва барои ба суди ин шаҳрванд ҳалл кардани баҳс бар сари қитъаи замини назди ҳавлӣ ситонда ва боз 4500 сомонии дигар низ хостааст.

Кормандони Ожонси мубориза бо фасод дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ Ҷаҳонгир Суҳробзодаро ҳангоми дарёфти ришва аз он шаҳрванд дастгир карда ва маблағи 4500 сомониро аз ӯ чун далели шайъӣ ситондаанд. 

Ожонс гузориш дода, ки Ҷаҳонгир Суҳробзода муттаҳам ба ришваситонӣ шуда ва ин қазия аз рӯи моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» Қонуни ҷиноии ҶТ бозҷуст шуда ва парванда пас аз анҷоми бозҷӯии муқаддамотӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0