ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин нишаст ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар чорчӯби Иттиҳод баррасӣ шуданд.
Вазирони умури хориҷии ИДМ ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар чорчӯби Иттиҳодро муфассал воковӣ ва баррасӣ кардаанд.
"Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба дастгирии ниҳоди хонавода ва арзишҳои суннатии хонадонӣ, такмили фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеиятҳои рӯз, таъйини ниҳодҳои масъули кишварҳои аъзои ИДМ барои омодасозӣ ва донишафзоии коршиносон дар риштаҳои гуногун ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд", — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар поёни ин нишаст дар ҳама мавзуъҳои баррасишуда қарорҳои лозим тасвиб шудаанд.