Сухангӯи Путин: Маскав сафари Раҳмон ба Сочиро бисёр арҷ мегузорад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВстреча президента РФ В. Путина с президентом Таджикистана Э. Рахмоном
Встреча президента РФ В. Путина с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия имрӯз дар шаҳри Сочӣ дидору гуфтугӯ доранд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Маскав сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Сочӣ дар рӯзҳои барояш сахтро бисёр арҷ мегузорад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.

Встреча президента РФ В. Путина с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочӣ дидору гуфтугӯ доранд

Ҳамакнун дар шаҳри Сочӣ дидори рӯбарӯи раҳбарони Тоҷикистон ва Русия — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҷараён дорад. Дар ин мулоқот, ки дар пушти дарҳои баста баргузор мешавад, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва муовини нахуствазири ин кишвар Игор Шувалов низ ширкат доранд.

Пеш аз оғози ин мулоқот Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, Маскав сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Сочӣ дар рӯзҳои барояш сахтро бисёр арҷ мегузорад.

"Сафари Раҳмон дар рӯзҳои барояш сахт ба худии худ муҳим арзёбӣ шуда, зеро вай бародарашро аз даст дода, вале тавониста барои ширкат дар нишасти сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил биёяд ва бо Путин дидори ҷудогона дошта бошад", — гуфт Дмитрий Песков.

"Путин дар дидор бо Раҳмон бори дигар даргузашти бародарашро таслият гуфт", — афзуд вай.

Ин дидор пеш аз оғози нишасти Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Шурои олии иқтисодии Уросиё баргузор мешавад.

"Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар ин дидор масоили муҳими минтақаро баррасӣ хоҳанд кард", — гуфта буд дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков.

Нишасти Шурои сарони кишварҳои ҳамсуд 10 — 12 октябр баргузор мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бомдод барои ширкат дар нишасти Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ба шаҳри Сочӣ рафт.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, ёварони раисҷумҳур дар умури равобити хориҷӣ ва масоили кадрӣ ва дигар масъулин ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0