ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, ҳодиса субҳи рӯзи 7 октябр рух додааст.
Бомдоди рӯзи 7-уми октябр ронандаи худрави тамғаи "MAN", Домуллоҷон Шодиев, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 40 метр чаппа шудааст.
Дар дохили худрав ронанда ва як мусофир қарор доштааст.
Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш Иномҷон Солиев, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.