ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Рафтори масъули бахши танзим, ки талаби бастани масҷидро карда суханҳои қабеҳ гуфтааст, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овардааст.
Дар наворе, ки дар шабакаи Youtube, нашр шудааст, намоён аст, ки марде бо шиму костюм ба ҳавлии масҷид ворид шудаву талаби бастани онро мекунад.
Ин мард дар вақти талаби бастани масҷид, чанд сухани қабеҳ ҳам ба забон меорад. Намозгузорон бошанд, таҳдид мекунанд, ки аз ӯ ба ҳукумат шикоят мебаранд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Facebook рафтори ин мард ба хашм овардааст. Аксари ҷомеашиносон бар онанд, ки рафтори ӯ ношоиста аст ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
"Ӯ чун ҳайвон рафтор мекунад", — навиштааст яке аз корбарон.
"Барои чунин суханон ӯро бояд танбеҳ дод", — розӣ шуда навиштааст корбари дигаре.
"Рафтори бад, ӯ одами мастеро мемонад", — қазоват кардааст сеюмӣ.
Дар баробари ин шахсияти ин мард аллакай муайян шудааст. Ҷомеашиноси фаъол Алӣ Ализод дар саҳифаи Facebook-и худ хабар дода, ки исми ин масъули бахши танзим Шокирҷон Холдоров аст. Ӯ мутахассиси бахши танзими расму оин дар қишлоқи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.