Ба гузориши равобити умумии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, субҳи рӯзи ҳафтуми октябр аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 1800 нафар ҷавононро ба хидмати низомӣ гусел карданд.
Навсарбозон нахуст дар маросими гулгузорӣ ба пояи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат карда, дар майдони Парчаму Нишони давлатӣ саф кашиданд.
Ҷавондухтарон ба наваскарон чун рамзи меҳру муҳаббат ва садоқат гул доданд.
Тантанаҳои фарҳангии гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва волидайни сарбозон сурат гирифт.
Аз шаҳри Хуҷанд 70 нафар ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ рафтанд. Гусели бо тантанаи наваскаронро дар гузориши аксӣ тамошо кунед.

Навсарбозон нахуст дар маросими гулгузорӣ ба пояи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат карда, дар майдони Парчаму Нишони давлатӣ саф кашиданд.

Навсарбозон бо шиорҳо аз кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд гузаштанд.

Барои наваскарон аҳли фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ пешкаш кард.

Тантанаҳои фарҳангии гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб баргузор шуд.

Наваскарон бо рангҳои пӯшоки худ парчами Тоҷикистонро таҷассум мекунанд.

Тантанаҳои фарҳангии гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва волидайни сарбозон сурат гирифт.

Ҳунарнамоии фарҳангиён ба хотири гусели навсарбозон.

Ҷавонон бо шиорҳои дар даст буда гӯё қавл медиҳанд, ки барои ҳифзи Ватан ҷонашонро дареғ намедоранд.

Наваскарон ба рақс даромаданд.

Тантанаҳои фарҳангии гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва волидайни сарбозон сурат гирифт.

1800 ҷавон аз вилояти Суғд ба хидмати низомӣ сафарбар шуд.