Ронандаи садамаи вилояти Владимир дастгир шуд

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкАвтобус и поезд столкнулись на ж/д переезде во Владимирской области
Автобус и поезд столкнулись на ж/д переезде во Владимирской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қайд мешавад, ки ронандаи автобус Нуралӣ Сарманов аз вазъи носозгори нақлиёташ бохабар буд вале ронандагиро идома медод

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ронандае, ки ҳангоми садамаи шаҳридони Узбакистон дар ноҳияи Владимир сари чанбараки автобус буд, боздошт шуд.

Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки ронанда дар бораи носозгор будани автобус барои мусофирон хабардор буд, вале ронандагиро бо ин нақлиёташ идома медод.

"Дар паи баргузории амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ аз рӯи далели садамаи нақлиётӣ дар вилояти Владимир ронандаи ин нақлиёт дастгир шуд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки пас аз чанде намуди ҷазои Сарманов муайян мешавад.

Шаби рӯзи 6 октябр дар вилояти Владимири Русия садама рух дод. Автобуси мусофирбар бо қатор бархӯрд.

Дар ин садама 17 кас ҷон бохт, аз ин миён ду нафар кӯдакон ҳастанд. Дар автобус ҳамагӣ 58 кас буд, 56 мусофир-шаҳрвандони Узбакистон, ду ронанда аз Қазоқистон. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии се тан аз мусофирон вазнин арзёбӣ мешавад.

36 мусофир ҳам захм бардоштаанд, вале аз бистарӣ шудан дар бемористон даст кашидаанд.

Лентаи хабарҳо
0