ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиём Марказӣ аз рӯи сифати роҳҳо мақоми аввалро гирифт.
Дар ин бора равобити умумии Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) хабар медиҳад.
Мувофиқи феҳристи солона аз рӯи рақобатпазирӣ барои солҳои 2017-2018 Тоҷикистон аз миёни 137 кишвар дар ҷадвали умумӣ мақоми 79-умро касб кардааст.
Ҳамчунин Тоҷикистон аз рӯи рушди инфрасохтор ва бозори меҳнат баҳои хуб гирифт.
Ҳамин тавр дар бахши "сифати роҳ", Тоҷикистон дар мақоми 70-ум ҷой гирифтааст. Дар ин ҷадвал Қазоқистон дар мақоми 115 ва Қирғизистон дар ҷойи 109-ум қарор дорад.
Аз рӯи рушди инфрасохтор Тоҷикистон дар сатри 99-ум ҷой гирифт, Қазоқистон —68 ва Қирғизистон — 109-ум.
Туркманистон ва Узбакистон дар феҳрист нишон дода нашудаанд.