Ҳувияти 14 қурбонии садамаи вилояти Владимир муаяйн шуд

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкАвтобус и поезд столкнулись на ж/д переезде во Владимирской области
Автобус и поезд столкнулись на ж/д переезде во Владимирской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби рӯзи ҷумъа дар вилояти Владимири Русия дар паи бархӯрди автобус ва қатор садамаи мудҳиш рух дод. Тибқи маълуот дар натиҷаи садама 17 кас ҷон бохтанд, аз ҷумла ду кӯдак

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳувити 14 шаҳрванди Узбакистон, ки дар и садама ҷон бохтанд муайян карда шуд.Рӯйхати қурбоншудагонро Вазорати умури хориҷаи Узбакистон мунташир кардааст.

"Консулгарии Узбакистон дар Маскав бо такя ба Сарраёати МЧС Русия аз муайян шудани шахсияти 14 шаҳрванди Узбакистон, ки дар садамаи нақлиётӣ рӯзи 6 сентябр ҳалок шуданд, хабар медиҳад", — омадааст дар хабарнома.

Автобус и поезд столкнулись на железнодорожном переезде во Владимирской области - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои Узбакистон ҷасади қурбониёнро аз Владимир интиқол медиҳад

Дар равобити умумии ин ниҳод ному насаб ва маълуот дар бораи қурбониён мунташир шудааст.

Шаби рӯзи ҷумъа дар вилояти Владимири Русия садамаи мудҳиш рух дод. Аксари мусофирони автобус дар хоб буданд. Дар дохили автобус 50 шаҳрванди Узбакистон қарор дошт.

Ба гузориши РИА Новости, бархе аз мусофирон ҳангоми бархӯрд аз овози доду фиғон бедор шудаву аз нақлиёт фаромаданд, то автобусро тела диҳанд. Дар натиҷаи садама 18 кас ҷон бохта 34 нафар ҷон ба саломат бурд.

Бино ба иттилоъи губернатори вилояти Владимир Рита Шляхова автобус бо рақамҳои қазоқистонӣ дар роҳ аз мошинҳои истода пеш гузашта ба қатора бар хӯрдааст. Ронанда дар ранги сурхи чароғак ба роҳи қатора гузашта ба садама уфтод.

"Дар дохили автобус шуҳрандони Узбакистон буданд. Онҳо дар хоб буданд. 34 кас аз мусофирон аз автобус баромаданд, то онро тела дода аз роҳи қатор бароранд. Онҳо зинда монданд. Мусофироне, ки дар дохили автобус монданд, ҷон бохтанд.

Лентаи хабарҳо
0